ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

05-11-2020
   5-уми ноябри соли равон бахшида ба 26-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ҳамоиш баргузор гардид.
   Дар оғоз вазири маориф ва илм М. Имомзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки Конститутсия на танҳо як санади ҳуқуқию сиёсист, балки ҳуҷҷатест, ки дар он орзую ормонҳои миллати тоҷик инъикос ёфтааст.  Яке аз омилҳои ба миён омадани зарурати қабули Конститутсияи нав дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба шакли ҳокимияти миллӣ гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қабули Конститутсияи навин 6-уми ноябри соли 1994 барои бунёди мамлакати ободу пешрафта, таъмини амнияту осоиш, сулҳу озодӣ ва инкишофу пешрафти ояндаи кишвари тозаистиқлол замина гузошт. Дар ин санади муҳимми тақдирсоз арзишу манфиатҳои миллӣ, муносибот ва фаъолиятҳо ба танзим ва ҳадду марзи асосии ҳуқуқию қонунӣ барои шаҳрвандони мамлакат мешаххас гардидааст.
   Сипас, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Манучеҳр Сулаймонзода перомуни марҳалаҳои қабул гардидани Конститутсия сухан ронда, аз ҷумла, зикр кард, ки  вобаста ба рушду инкишофи ҷомеа дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки барои боз ҳам  фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум мусоидат кард ва ҳамчун қутбнамои ояндаи дурахшони кишвар хидмат мекунад. 
   Дар охир муовини якуми вазир М. Саломиён таъкид кард, ки  Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, дар рушду пешрафти давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим дорад.
Суннатуллоҳи Мирзо