ВАҲДАТ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ. Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26-06-2024
Муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ!
Дӯстон, устодон ва шогирдони азиз!
Кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста рушд меёбад, пеш меравад, ободу зеботар мешавад ва нуфузу эътибори ҷаҳониаш боз ҳам меафзояд. Ҷумҳурии замоне ноороми дар гирдоби мухолифатҳои шадид мондаи мо имрӯз ба яке аз мамлакатҳои амну осоишта ва ба ошёни сулҳу ваҳдат табдил ёфтааст. Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик дар оғӯши истиқлол бо азми дурусту саъйи комил ва бо ифтихору сарбаландӣ ба созандагию ободонӣ машғул аст ва бо нидои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар” устуворона ва бо орзую ормонҳои нек ба сӯйи ояндаи боз ҳам шукуфотар қадам мегузорад.
Имрӯз ҳамаи мо сокинони Тоҷикистон шукрона аз он дорем, ки осудаю дилпурона, зери парчами бахту саодат кор ва зиндагӣ мекунем. Ҳамагон хуб медонем ва ифтихормандем, ки ин ҳама комёбию осоиштагӣ ва муҳити созгор дар диёри арҷмандамон маҳз ба шарофати хиради воло, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва маҳорати беназири сиёсатмадории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудааст. Сарвари кишварамон аз нахустмарҳалаҳои фаъолияти худ баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, барҳам додани мухолифатҳои дохилӣ, ба Ватан баргардонидани тамоми фирориён ва барафрохтани парчами сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ камари ҳиммат бастанд ва тамоми монеаҳои душвору сангинро бо зӯри хираду матонат бартараф карда, халқи азизи хешро ба даврони пурнишоту саодатбор расонданд. Ҷасорату мардонагие, ки Пешвои миллати мо дар ин ҷода нишон доданд, боиси ҳайрати ҷаҳониён гашт, аҳли тамаддуни олам ба Сарвари адолатпарвару сулҳовари ҷумҳурии мо ҳамду сано хонданд ва эътироф карданд, ки корномаи сулҳофаринии Пешвои тоҷикон дар паҳнои дунё шоистаи пайгирӣ ва баҳрабардорист. Имрӯз дар саросари олам, ҳар куҷое дар ҳамоишу маҳфиле, дар конфронси бонуфузи сухан аз сулҳу ваҳдат ба миён ояд, ҳатман аз сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Тоҷикистон ёдовар мешаванд, аз гуфтаҳои Сарвари кишвари мо дар ситоишу посдории сулҳ иқтибосҳо меоваранд. Пешвои миллат моҳияту аҳамияти сулҳро, аз ҷумла, чунин тавсиф бахшидаанд: “Сулҳ маънои таърихи мост. Ҳар қадар мо пеш равем, сарчашмаи асосии пешрафти мо бештар аён мегардад, ки он сулҳи пойдор аст. Танҳо сулҳ асоси пешрафти ҷомеа аст ва танҳо дар шароити сулҳу суботу ваҳдат аз неъматҳои тараққиёти ҷаҳонӣ баҳравар шудан мумкин аст. Сулҳ ба кулли арзишҳои дигари инсонӣ маънӣ ва маром мебахшад”.
 
Бисту ҳафт сол қабл аз ин – 27 июни соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза ба Истиқлоли давлатӣ расидаву мутаассифона, ба оташи ҷанги дохилӣ гирифтор шуда буд, ҳодисаи таърихию тақдирсози ба вуқуъ пайваст, ки дар арсаи ҷаҳон камназир буд: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пас аз азму талошҳои пайгирона ва радду бадалҳои батакрор ба имзо расид ва марҳалаи нави ҳаёти халқи тоҷик оғоз ёфт, марҳалае, ки бо шодию нишот, дӯстию ҳамдилӣ бунёдкорию пирӯзиҳо ҳамбаста буд. Ваҳдати миллӣ ба ҳаёти мамлакат, ба кулли сокинони он бахту барор, умеди тоза, неруи заволнопазиру тавоно эҳдо кард ва аз файзу баракати он минбаъд бо суръати баланд дар тамоми минтақаҳои мамлакат он қадар навгонию тозакориҳо ва созандагиҳои ба вуқуъ пайвастанд, ки таърихи миллат ёд надорад. Ваҳдати миллӣ ба муҳимтарин омили шукуфоии Ватани азизамон табдил ёфт ва ҳамакнун, чунонки Сарвари кишвар зикр кардаанд: “Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти бонизоми ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад”.
Хушбахтона, имрӯз мо метавонем файзу баракати Ваҳдати миллиро дар тамоми бахшҳои ҳаёти аҳли кишвар ба таври равшану барҷаста ба мушоҳида бигирем. Аз ҷумла, паёмадҳои нишотбахшу файзбори Ваҳдати миллиро ҳамагон дар соҳаи муҳим ва тақдирсози миллат – соҳаи маориф кайҳост, ки эътироф кардаанду аз ин лиҳоз, изҳори қаноатмандӣ доранд. Пешвои миллат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон кардаанд ва ба рушди ин соҳаи бавусъат ғамхорию таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунанд.
Ҳамбаста ба сиёсати маорифпарваронаи сарвари кишвар маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷаи давлат ҳамасола афзунтар мегардад ва аҳли таълиму тарбия аз имтиёзҳою дастгириҳои тоза ба тоза бархурдор мешаванд, қарору қонунҳои нав ба пешрафти навини соҳа мусоидат мекунанд. Ҳар сол дар қаламрави ҷумҳурӣ садҳо таълимгоҳи нав бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мешаванд ва ин анъанаи муфид боз ҳам идома дорад. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) Пешвои миллат боз ҳам эътибори махсус ба соҳаи маориф зоҳир намуда, иброз доштанд: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Дар ин замина бо кӯшишҳои пайгиронаи аҳли маориф сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои таълиму тарбия давра ба давра такмил меёбад, беҳтару фарогиртар мешавад. Дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ( солҳои 2020-2040) тадбирҳои зиёди судманд амалӣ мегарданд ва ҳамчунин, омӯзиши забони давлатию забонҳои хориҷӣ вусъат меёбад. Шогирдони мо дар озмуну олимпиадаҳои ватанию хориҷӣ фаъолона ширкат варзида, ба комёбиҳои шоиста ноил мегарданд, ки ин боиси ифтихори ҳамагон аст ва ин нукта ҳам нишотбахш аст, ки сол то сол сафи чунин хонандагон афзунтар мешавад. Танҳо дар озмуни бонуфузи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сафи иштирокдорон аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои олӣ дар давоми ду соли охир қариб ду баробар зиёд гардидааст. Теъдоди омӯзгорони соҳибунвон ва навовару эҷодкор низ пайваста зиёд мешавад.
Аҳли маорифи кишвар чун талоши сокинони мамлакат шукргузор аз онанд, ки Ваҳдати миллӣ барои кору фаъолияти бомароми самароварашон шароити созгор фароҳам овардааст ва фазои сиёсию маънавии кишвар поку беғубор ва руҳнавоз мебошад. Барои аҳли маориф Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарин комёбиҳост ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи бақою сафои миллат, бегазандии Истиқлоли давлатист.
Ҳамагон мувофиқ ба ин даъвати ватанпарастонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият доранд: “Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро чун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва Ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни сафою бақои миллат муборак, ҳамватанони азиз! Ҳамеша комёбу шарафманд ва сарбаланд бошед!