ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР ГАРДИД

25-06-2024
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ — омили асосии рушди Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Гуфта шуд, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Таъкид гардид, ки сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли мамлакатро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.