Ваҳдати миллӣ ва ҷавонони даврони соҳибистиқлол

26-06-2019
Бо шарофати ба имзо расидани ин санади тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик, махсусан ҷавонони кишвар оғози гардиши куллӣ ба миён омада, фазои орому осуда дар кишвар ҳукумфармо гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи навини гузоштани пойдевори сулҳ, таъмину таҳкими Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина, ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди онҳо оғоз намуд. Бо истифода аз арзишҳои миллию ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошта шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё намуд.
Дар ин замина, фаъолияти ҷавонони кишвар ва сохторҳое, ки барои ба танзим даровардани фаъолияти ҷавонон таъсис ва нигаронида шуда буданд, саҳми онҳо дар эҷоду пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ судманд арзёбӣ мегардад.
Проблемаи сиёсати давлатии ҷавонон, яке аз проблемаҳои асосии имрӯзи ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад ва дар қатори масъалаҳои асосии сиёсати давлатӣ гузошта шудааст. Чунки ояндаи ҷомеа аз тарбия ва он шароити мусоиде, ки барои ин насл омода менамоем, вобастагии калон дорад.
Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз даст рафтани идеологияи ягонаи сиёсӣ ҷавононро ба баҳри пурталотум ва гирдобҳои даҳшатбори сиёсӣ кашид, ки аз натиҷаи он огоҳем. 
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти кишвар ва ҷавонон кӯшиш ба ҳам оварданд, ки фазои холии идеологиро бо корҳои созандагию садоқат ба Ватан, ягонагии марзу бум пур намоянд. 
Сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошд. Мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар дар ҳаёти онҳо тағйиротҳои куллӣ ва судмандро ба бор овардааст. 
Таъсиси шуъбаҳои кор бо ҷавонон, шӯрои олимони ҷавон, баргузории спартакиадаи донишҷӯён, озмунҳои гуногуни маърифатӣ-зеҳнӣ, ҳамоиш, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ҳамарӯза дар минтақаҳои гуногуни кишвар доир мегардад, гувоҳи дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ беш аз 2750 муассисаи таҳсилоти умумӣ азнавсозӣ ва бунёд карда шуд, ки имрӯз теъдоди муассисаҳо ба 3878 адад расидааст. Шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ 1970000 нафаррро ташкил медиҳад. 
Бояд қайд кард, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 адад ба 40 адад расида, имрӯз шумораи донишҷӯёни ба таҳсил фарогирифташуда ба 206000 нафар мерасад.
Дар баробари писарон, ҷиҳати васеъгардонии дастрасии духтарон ва занон ба гирифтани таҳсилоти олии касбӣ, беҳтар ба роҳ мондани арзиши Зан-Модар ва ҷалби онҳо ба таҳсил Вазорати маориф ва илм тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла духтарон аз 61 шаҳру ноҳияи дурдаст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Тайи солҳои 1997-2018 ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 10895 духтар, аз ҷумла дар соли хониши 2017-2018 638 нафар духтар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардидаанд.
То имрӯз ҷавонони кишвар дар 33 давлати дунё бо теъдоди 31014 нафар ба таҳсилоти касбӣ фаро гирифта шудаанд. Танҳо дар соли таҳсили 2018-2019 5220 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар қабул гардиданд.
Бунёди заминаҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа Қонун дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳо, дастгирии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд, олимони ҷавон, квотаҳо, стипендияҳо, фаъолияти густурдаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон судманд арзёбӣ мегардад.
Имрӯз соҳаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, таърихи ташаккули он ба тадқиқотҳои судманде ниёз дорад ва меарзад, ки философҳо, сиёсатмадорон, таърихнигорон, ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон, психологҳо, намояндаи соҳаҳои дигари илм ба ин масъала рӯй оварда, саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, вазъи гузашта ва имрӯзи ҷомеа гувоҳи он аст, ки дар самти сиёсати давлатии ҷавонон меарзад тадқиқотҳои судманд ба анҷом бирасад. Аз ҷумла: 
- зина ба зина пайдоиш, инкишоф, амалишавӣ ва фаҳмиши «сиёсати давлатии ҷавонон»;
- исботи зарурати таърихии сиёсати давлатии ҷавонон дар демократикунонии ҷомеа;
- дар асоси далелҳои қатъӣ ва омӯзиши маъхазҳо ва фаъолияти амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти иҷтимоӣ-сиёсии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон;
- раванди асосҳои стратегии амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ ва нақши Ташкилотҳои ҷамъиятиву давлатӣ дар амалишавӣ ва мустаҳкамии сиёсти давлатии ҷавонон, мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити муосир;
- масъалаҳо ва раванди тарҳрезии он ва ҷобаҷогузории ҷаҳонбинии ҷавонон дар шароити демократикунонии ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Самти дигаре, ки имрӯз ҷавонони мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ин ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ ва инноватсионӣ, кашфиёту ихтирооти навин мебошад.
Бо ибтикор ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мушкилоти шаҳрвандон, махсусан олимони ҷавонро дар бобати омода кардани диссертатсияҳо ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар ҳалли худро пайдо карда, ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намуд.
Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ҳамчун мавзӯи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва талошҳои пайвастаи ӯ имконият фароҳам овард, ки дар давоми чанд соли охир даҳҳо мушкилоти соҳаи илму маориф роҳи ҳалли худро дарёфт намуда, заминаи пешрафти соҳа ба миён омад.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш ба мушкилоту норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар дастур доданд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди пешрафти ин соҳаи муҳим моро ба ояндаи дурахшони он ва аз ҳама мушкилиҳову бумбастҳо раҳо ёфтани Тоҷикистон дилгарм месозад. 
Қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми таҳсили докторантура PhD ва Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварад, ки кадрҳои илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ бевосита дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд. 
Ҳамин аст, ки тибқи ҳисоботи оморӣ то семоҳаи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 4295 нафар кадрҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 766 нафар доктори илм (106 нафар зан 17,3%), 3529 нафар номзади илм (1063 нафар зан 24,7%) мебошанд. 
То санаи 1 майи соли 2019 аз 53 Шӯрои диссертатсионии дар ҷумҳурӣ таъсисдодашуда, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, 51 шӯро фаъолият дошта, тақрибан аз рӯйи 160 ихтисос диссертатсияҳои номзадиву докториро ба ҳимоя қабул карда истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки алҳол аз рӯи 323 ихтисос бе такроршавӣ мутахассисон дар кишвар омода карда мешаванд. Яъне, имрӯз зарурат ба миён меояд, ки мо аз рӯи 163 ихтисоси дигар шӯроҳои диссертатсионӣ ташкил дода, фаъолиятро ба роҳ монем.
Аз давраи ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи олии аттестатсионӣ то семоҳаи аввали соли 2019 дар шӯроҳои мазкур 220 нафар - 24 нафар рисолаи докторӣ (6 нафар зан) ва 196 нафар рисолаи номзадӣ (78 нафар зан) ҳимоя намудаанд. 
Бо мақсади дифои рисолаҳои илмии докторӣ ва номзадии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 12 феврали соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997, №395 “Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ” тасдиқ шудааст, шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия фаъолият менамояд.
Айни замон 21 шӯрои диссертатсионии муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин Шӯроҳо аз солҳои 2016-2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 655 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд, ки аз ин 68 нафар доктори илм (19 нафар зан, 27,9%) ва 587 нафар номзади илм (184 нафар зан, 31,3%) мебошанд. 
Дар соли таҳсили 2018-2019 тибқи ҳисоботи оморӣ шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 6595 ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 798 нафарро ташкил медиҳанд, ки заминаи асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар кишвар ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз кишвари мо, муассисаҳои таълимию илмӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, сиёсат ба кадрҳои илмӣ ниёз доранд. Ва пеши масъулин вазифаҳо гузошта мешавад, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ фаъолиятро самаранок ба роҳ монанд.
Дар ин самт, меарзад фаъолияти шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ва шӯроҳои диссертатсионӣ ҷоннок ва сифатан беҳтар ба роҳ монда шавад.
Бояд қайд кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва тарғиби нигоҳдошту эҳтироми он дар ниҳоди ҷавонону наврасон ва дар маҷмӯъ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи дуруст ба роҳ мондани тарбияи маънавию сиёсӣ, фарҳангию ахолоқӣ, аз қабили эҳтироми арзишҳову суннатҳои миллӣ, эҳтироми таърихи гузаштагон ва дар ин замина, бунёди ҷомеаи мутамаддин имконпазир мегардад. Ва барои татбиқи ин андешаву иқдомот фаъолияти муштараки самарабахши сохторҳои дахлдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт муҳим аст. 
 
Бӯриев Носир Сайдалиевич
-сардори раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
н.и.с., барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи ҷавонон