ВАҲДАТИ МИЛЛИ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУТТАҲИДСОЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

27-06-2018
Парокандагии миллат, ҷудоӣ аз ёру дӯстон ба маҳаллу гурӯҳҳо пайи қасди ҷони якдигар, яъне бародар бо бародар, қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан хеле хатари бузург ва даҳшатоварро паси сар намуданд. Дар солҳои 1992 – 1994 тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар вазъи ҳолатҳои ногувор қарор дошт. Дар ин рӯзҳои даҳшатнок доғе ба қалби пиру ҷавон ҷо шуда, ба ҳар як хонадони тоҷик осори ғаму андӯҳ ниҳода буд. 
Чун офтобе, ки абрҳои сиёҳро паси сар карда, чандин боронҳои селобе, ки осмонро софу беғубор намудаю рӯзона офтобро дурахшон ва шабона моҳу ситораҳоро ҷилвагар месозад, моҳи ноябри соли 1994 шахсе сарварии давлати тоҷиконро ба ӯҳда гирифт ва нахустин суханашро бо шиори «Ман кори худро аз сулҳ оғоз менамоям ва ҳамеша бо халқу ватани худ хирадмандона хизмат мекунам» оғоз намуд.
Дар вокеъ, ин шахси ватандӯсту сулҳпарвар ва қавиирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро амалӣ кунонад.
Ин шахси бузург тавонист миллати парокандаву парешон ва  гумроҳшудаи аз мақсадҳои нопоки чандин мансабталабон, ки дар қасди ҷони бародару дӯстони худ камон ба даст гирифта буданд барои  ваҳдату рафоқат, сарҷамъию осоиштагӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намояд. 
Маҳз бо шарофати саъю талошҳои сиёсатмандонаю хирадмандона ва фидокоронаи қаҳрамониҳои беназири давлати точикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноумедию нофаҳмоӣ аз ояндаи торики миллати тоҷик  паси сар гардид.  
Ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар санаи 27 – уми июни соли 1997 дар Маскав бо сарвари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки  маънии идомаи ҷанг - идомаи тоҷиккушист хотима дода, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурда ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, ки ин сазовори ситоишу накӯист.
Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки барои мо тоҷикон зиндагии орому осоишта, серию пурӣ, сулҳу амонии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба қалби худ ҳамеша ҷо хоҳад кард. 
Имрӯз мо ифтихор аз он дорем ва шукргузор ҳастем, ки бо дастгирии сарвари давлатамон тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф созем, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми кишвари маҳбубамонро аз манфиату ғаразҳои гуруҳиву ҳизбӣ бо арзишҳои бузурги умумимиллии соҳибистиқлолият, боло гузорем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти ватанамро таъмин намоем.
Ваҳдати миллӣ, ҳамчун омили муттаҳидсозандаи  миллати тоҷик имкон дод, ки барои беҳтар гардонидани сатҳи сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан ҳам таърихии тоҷикон мебошад.
Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ, ҳамчун пояи умумиллӣ  дар рафти мафҳумҳои озодиву истиқлолият пазируфта  шуда, дар тафаккури миллии  мардуми Тоҷикистон чун омилӣ мувозиннати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлати мо арзёбӣ мегардад.
Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот мебошад, то ин ки онҳо дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирифта тавонад.
Табиист, ки барои тарбияи насли шоистаи замон, бахусус  ҷавонони дорои донишу маърифати муосир таъмини шароити мусоид зарур мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан бо фазои иҷтимоӣ, боз ҳам ҳадафрас намудани корҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ ва эмин нигоҳ доштани мафкураи ҷавонон аз таъсири харобиовари пояҳои бегона, илова ба таҳкими пояҳои моддии соҳаи маориф фаъолгардонии марказҳои фарҳангӣ яке аз масъалаҳои муҳими имрӯза ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли наврас аз ҷониби онҳо  амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, инчунин нақш ин дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст.
Бинобар ин Ваҳдат, хусусияти миллиашро танҳо дар давраи ташаккули давлати миллӣ пайдо мекунад ва мавриди татбиқ қарор медиҳад. Бо ин мақсад, ҳоло нигоҳ доштани фазои мусоиди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ақидаву мавқеъҳо, ризоияти ҷомеа, таҳаммулгароӣ ва мароми созандагию устувории ҷомеа муҳим мебошад.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ватани худро ҷавонмардонаву самимона дӯст дорем, ҳифз намоем ва ба хотири рушду ободии он пайваста талош варзем. 
Мо омӯзгорон вазифадор ҳастем, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои дохилию ҷумҳуриявӣ низ ташкил намуда, хонандагонро дар раванди  таълиму тарбия давлатсозиву давлатдории навини худ  рӯ ба таъриху фарҳанг оварда барои ҷавҳари андешаи миллиро бо дарки маҳфумҳои тақдирсози истиқлолият, қадр намудан ва эҳтиром гузоштану нигоҳ доштани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ғаннӣ гардонем.
Ҳамватанони азиз, ба ин хотирот аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шумоёнро ба муносибати рӯзи «Ваҳдати миллӣ» Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳният гуфта, таманно дорам, ки бигузор ҳамеша осмони соф, сулҳу суботи поянда, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, армонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои аҷиби созандагӣ илҳомбахши рӯзгори осудаҳолонаи мардуми кишварамон бошад!
Кишвари мо сарбаланди олам аст,
  Ваҳдати миллии мо мустаҳкам аст.
 
РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛB, ҲАМЕША ПОЯНДА БОД!
 
Сармутахассиси шуъбаи ҳамоҳангсозии
 МТИ–ҳои МД «МҶМТИ»-и Вазорати 
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Саида Ёрова