ВАТАН САРЧАШМАИ ХУШБАХТИИ МОСТ

16-06-2020
   Пешрафти кори таълиму тарбия, барқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, ҳифзи мероси моддию маънавии арзишҳои офаридаи гузаштагон, таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд. 
   Барои иҷрои ин вазифа муаллимон тамоми қувваю ғайрати худро сафарбар бояд кунанд. Ба муаллимон дар ин кори наҷиб педагогикаи нав – педагогикаи миллӣ, ки ба пойдору устувор гардидани истиқлолият ва мустақилияти Тоҷикистон хизмат мекунад, мададрасон аст, зеро тарбияи миллӣ мақсади давлат ва ҳукумат дар самти маориф мебошад.
  Педагогикаи нави миллӣ бояд меъёрҳои қоидаву мафҳумҳои назарияи тарбияи миллиро коркарду муайян намояд. Инчунин, аниқу равшан сохтан лозим аст, ки дар фарзандони миллат барои мустаҳкам гардонидани ҷанбаҳои миллии истиқлолият кадом хислат ва сифатҳоро бояд тарбия намуд.
  Дар «Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд шудааст: «Вазифаи маълумот дар шароити давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз он иборат аст, ки шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби маҳорату малакаи касбиро тайёр намояд”.
    Дар ин замина мактаби миллӣ бояд чунин сифатҳои воло - ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва шуури миллиро дар ниҳоди шогирдон парвариш ва инкишоф диҳад. Баробари ин, дар онҳо нисбат ба сифатҳои манфӣ-бефарқии миллӣ, ватанфурӯшӣ, хиёнат, миллатчигӣ, маҳалбозӣ, бевиҷдонӣ ҳисси нафрат бедор кардан зарур мебошад.
   Давлати ҷавони Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо чораҳо андешид. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат сулҳу осоиштагӣ, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ барқарор гашт. Баъди ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён тоҷикон боз соҳиби давлати миллии худ гардиданд ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушд ёфт. Асри XXI барои миллати тоҷик чун давраи Сомониён асри тиллоӣ хоҳад шуд. 
     Комёбиҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолияти миллӣ мояи ифтихори ҳар сокини Тоҷикистон мебошанд.
   Гузаштагони мо на фақат фарзандони худро тарбия медоданд, балки нисбат ба тарбияи хешу таборҳо, фарзандони маҳалла низ бетафовут назар намекарданд, аз ҳамаи ҷавонон насиҳатҳои пурмуҳтавояшонро дареғ намедоштанд. Ҷавононро ба «фарзанди ман», «фарзанди ту» ҷудо намекарданд. Кори тарбияро ҳамагон қарзу фарз, кори савоб меҳисобиданд. Яъне аз қадим байни тоҷикон тарбияи наврасон кори ҳамагонӣ буд…
   Тарбияи миллӣ талаб мекунад, ки ҳангоми кори тарбиявӣ ҳатман синну сол, дониш ва имкониятҳои хонандагон дар мадди назари тарбиятгарон бошад. Тарбияи миллии хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ оғоз меёбад. Хонандагони хурдсол бояд ба чунин масъалаҳо сарфаҳм раванд:
  Тоҷикистон – Ватани ман. Хусусиятҳои табиӣ, маънавӣ, ҷуғрофӣ ва миллии Тоҷикистон, ҳаёти гузашта ва имрӯзаи онро тасаввур карда тавонанд. Донанд, ки халқ кадом фарзандони қаҳрамон дорад, онҳо чӣ гуна корнамоиҳо нишон додаанд, давлати Тоҷикистон дорои чӣ гуна рамзҳо мебошад.
  Воситаҳои ифтихори миллӣ. Донанд, ки ба миллати тоҷик тааллуқ доранд ва тоҷиканд. Донанд, ки ибораи «халқи тоҷик» чиро мефаҳмонад, чун фарзанди ҳамин миллат худро эҳсос кунанд ва забони модариро дӯст доранд, бо ин забон сухан гӯянд, фикру андеша ронанд.
   Одоби миллӣ.    Ҳамеша аввал салом диҳанд, сонӣ сухан гӯянд. Маънои «хуб» ва «бад»-ро фарқ кунанд, ба ҳама «шумо» гуфта муроҷиат намоянд. 
Ҳамин тариқ, дар бораи мафҳумҳои дигари доир ба тарбияи миллӣ дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ тасаввурот пайдо кунонида мешавад.
   Аз қадим ватандӯстӣ анъанаи халқамон гаштааст. Ҳар каси оқил ҷои таваллуд, хонадон, деҳа ва шаҳри худро бо фахр ба забон мегирад. Гуфтаанд, ки «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар». Гузаштагонамон ба ҷое раванд, як мушт хоки Ватанро ҳамроҳ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд, ба боигариҳо, яъне зару зевар иваз намекарданд. Зарбулмасалҳои «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар», «Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд», «Шахси беватан – булбули бечаман» ифодагари меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан, диёр ва хонадону оила мебошад. 
   Мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи «Ватан - модар» маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Бинобар ин, меҳри ватандорӣ ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, то ки ба ҳаммиллатони худ наздик бошад, аз тоҷикистонӣ буданаш ифтихор намояд.
  Ватандӯстӣ ё меҳанпарастӣ дар назди Ватан ва миллат масъулият доштан, ба манфиати Ватан зистану меҳнат кардан, ба тараққиёти он ва баланд шудани эътибори миллат ҳисса гузоштан аст. Ватандӯст фидоӣ мебошад, бо меҳнати ҳалол машғул шуда, инсонпарварона рафтор мекунад.
 Хусусияти ҷолиби диққати тарбияи миллӣ истифодаи урфу одатҳои халқу миллат мебошад. Масалан, муборизаи Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ба муқобили аҷнабиён ва золимон аз анъанаҳои қадимӣ будани ватандӯстии халқамон шаҳодат медиҳад.
  Қобили зикр аст, ки дар мактабҳои ҷумҳурӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба тарбияи ифтихори миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин мақсад барои хонандагон суҳбату лексияҳо, вохӯриҳо бо адибон, ҳунарпешагон, варзишгарон, собиқадорони ҷангу меҳнат, тамошои ёдгориҳои таърихӣ, осорхонаҳо, қайди санаҳои миллӣ, ҷамъомадҳо оид ба сулҳу дӯстӣ ва масъалаҳои ваҳдати миллӣ ташкил карда мешаванд.
  Ҳамин тавр, дар зиндагонӣ урфу одатҳо, анъанаҳо вобаста ба тарбияи ифтихори миллӣ фаровонанд ва истифодаи онҳо ба муаллимон ва падару модарон ёрӣ мерасонад, ки дар ҷавонон ва наврасон рафтори нек, ахлоқи пок, меҳнатдӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаро парварида, ҷамъиятро шукуфотар ва орӣ аз ҳама гуна нуқсонҳои маънавӣ бинамоянд.
 
Марҳамат САИДЗОҲИРОВА,
омӯзгори мактаби №97, 
шаҳри Ваҳдат