ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ВАХШ БАРРАСӢ ГАРДИД

17-02-2020
15-уми феврали соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҷаласаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм М.Имомзода, иҷрокунандаи раиси ноҳия Қ.Юсуфов, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Сафаров, муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ, сардорони раёсату шуъбаи Вазорати маориф ва илм, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, директорон ва мудирони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳия доир гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории вазорат оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва таҳсилоти иловагии ноҳияи Вахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Зимни баррасии масъала Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки дар соҳаи маорифи ноҳияи Вахш дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо аз масъулин таваҷҷуҳи хосаро тақозо менамояд. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ҳудуди ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 712 нафар кӯдак, 21 адад маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 647 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, 29 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1359 нафар кӯдак фаъолият менамоянд, ки фарогирӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия 5,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ноҳия 64 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки 44909 нафар хонанда ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон дар ноҳия ба 2279 нафар мерасад, ки дар муқоиса бо соли гузашта (2331) 52 нафар камтар аст ва ин дар ҳолест, ки шумораи хонандагон назар ба соли таҳсили гузашта 1859 нафар зиёд гардидааст. Аз шумораи умумии омӯзгорон 64% бо таҳсилоти олии касбӣ (1458 нафар)  ва 36% (821  нафар) бо  таҳсилоти миёнаи касбӣ,  таҳсилоти олии нопурра фаъолият менамоянд. Ҳолатҳои бо ихтисосҳои ғайрипедагогӣ фаъолият кардани омӯзгорон ва ё ғайриихтисос фаъолият намудани омӯзгорон низ ба назар мерасад. 
Рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ, сатҳу сифати таҳсилот, маблағгузории соҳа, фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таъминоти кадрӣ, таъминот бо ҷойи нишаст, таъмиру азнавсозии муассисаҳо, маҳорати касбии роҳбарони муассисаҳо, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъминот бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва  маводи таълимӣ, ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон ва пардохт намудани маблағи сафари хизматӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо, тавассути Маркази миллии тестӣ қабул гардидани хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, фаъолияти муассисаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ва чанде дигар аз ҷониби масъалаҳое буд, ки аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
М.Имомзода-вазири маориф ва илм зимни суҳбат ба масъулин дастур дод, ки дар фурсатҳои муносибат ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсилот, барқарор намудани системаи гармидиҳии мутамаркази муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, насби ҳатмии камераҳои назоратӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, пурра бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, мувофиқи талабот муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои компютерӣ, ба роҳ мондани назорати давомоти хонандагон, риояи сару либоси хонандагону омӯзгорон, санҷиши дафтарҳо, қайди мавзӯъҳо ва гузоштани баҳо дар рӯзномаҳои хонандагон, таъмир ва барқарорсозии толорҳои варзишӣ, таъмин намудани муассисаҳо бо ҷойи нишаст, пардохт маблағи омӯзгорон барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, таъмини Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода наамудани хонандагон барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз таъмири ҷорӣ ва капиталӣ баровардани биноҳои таъмирталаб тадбирҳои судманд андешанд.
Инчунин, дар рафти баррасии масъала намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Сафаров ва иҷрокунандаи раиси ноҳия Қ.Юсуфов баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро иброз намуданд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм