ВАЗЪИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МАВРИДИ ТАҲЛИЛУ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ

04-06-2022
Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
4-уми июни соли ҷорӣ дар толори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати вазири маориф ва илм Сайидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи кории вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода, муовинони вазир З.Абдулзода ва Ш.Хайрзода, муовини раиси вилояти Хатлон Ф. Шарифӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (сарпарстони соҳа), раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Нозакзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардори раёсати маорифи вилоят, мудирон ва кормандони шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва директорону ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок намуданд. 
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо масъалаи баррасишаванд шинос намуд ва зикр кард, ки дар ҷаласаи имрӯза, асосан, вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад. 
Сипас, гузориши Зиёратшоҳ Назрулозода–сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм “Оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон” шунида шуд. 
Зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдори соҳа ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар тадбирҳои амалӣ меандешад ва дар солҳои минбаъда ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси фанҳои таълимӣ, аз ҷумла фанҳои табиӣ-риёзӣ, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагону омӯзгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва сохта ба истифода додани иншооти соҳаи маориф тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд. 
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Норак, Фархор, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Ховалинг ва Балҷувон аз 156065 кӯдаки синни томактабӣ (аз 3 то 6-сола) 18 145 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 11.6 %-ро ташкил дода, ҳарчанд аз сатҳи миёнаи вилоят (10.2%) баланд бошад ҳам, аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ (15.6%) паст мебошад. Фарогирӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин 9-10%-ро ташкил дода, аз сатҳи миёнаи вилоят (10.2%) низ паст мебошад.
Аз 18 145 нафар кӯдакони ба таълиму тарбия фарогирифташуда 5464 ё худ 30% дар кӯдакистонҳо ва 12681 нафар ё худ 69.9% дар марказҳои инкишофи кӯдак фаро гирифта шудааст.
Дар 11 шаҳру ноҳияи мавриди назар дар 225 гурӯҳи муассисаҳои томактабӣ 5464 нафар ба ҳисоби миёна 24.2 ва 12681 нафар дар 587 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдак (ба ҳисоби миёна 21.6 нафар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. 
Таҳлили рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025» нишон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати амалигардонии он қарори раисони шаҳру ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расидааст. Вале дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ва шуъбаҳои маориф тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи сохтмони муассисаҳои томактабиро сол ба сол ба нақша нагирифтаанд.
Дар ин замина, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияҳои Муъминобод аз 204 ба 214 нафар, Ҳамадонӣ аз 235 ба 290 нафар, Фархор аз 661 ба 736 нафар, Темурмалик аз 208 ба 240 нафар, Ховалинг аз 77 ба 177 нафар, Шоҳин аз 40 ба 48 нафар, Балҷувон аз 71 ба 94 нафар зиёд шудааст.
Фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи кӯдак дар ноҳияҳои Хуросон 77 нафар, Абдураҳмони Ҷомӣ 95, Шаҳритус 17, Ёвон 201, Носири Хусрав 127, Вахш 11, Кӯшониён 279, Панҷ 247, Муъминобод 93, Ҳамадонӣ 680, Восеъ 1334, Данғара 362, Темурмалик 252, Шоҳин 217 нафар ва шаҳрҳои Норак 66, Бохтар 6, Левакант 42 нафар зиёд гардидааст.
Баргардонидан, барқарорсозӣ, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла марказҳои инкишофи кӯдак ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор карда шудааст. Мутаассифона, дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои судмандро ба анҷом нарасонидаанд.
Ғизои солим яке аз масъалаи ҳалталабӣ рӯзи кӯдакони синну соли томактабӣ мебошад. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз ба як кӯдак аз ҳисоби буҷети маҳал ва маблағи падару модарон аз 2 сомонию 30 дирам то 3 сомонию 90 дирам пешбинӣ шудааст, ки аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ беҳтар бошад ҳам, нокифоя мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 630 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз он ба шаҳри Кӯлоб 59 муассиса, шаҳри Норак 31 муассиса, ноҳияҳои Восеъ 73 муассиса, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 50 муассиса, Фархор 71 муассиса, Данғара 80 муассиса, Шамсиддин Шоҳин 61 муассиса, Темурмалик 47 муассиса, Муъминобод 59 муассиса, Ховалинг 49 муассиса ва Балҷувон 50 муассиса мансуб мебошад. 
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст. 
Тибқи маълумот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 20207 нафар омӯзгор (10638 нафар зан ё 52,6%) кору фаъолият менамояд, ки аз ин шумора, дар шаҳри Кӯлоб 3652 нафар, шаҳри Норак 920 нафар, ноҳияҳои Восеъ 3330 нафар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1936 нафар, Фархор 2800 нафар, Данғара 2102 нафар, Шамсиддин Шоҳин 1197 нафар, Темурмалик 1011 нафар, Муъминобод 1664 нафар, Ховалинг 938 нафар ва Балҷувон 657 нафар омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. 
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақа ба Вазорати маориф ва илм оид ба эҳтиёҷот ба омӯзгорони ихтисосманд дархост пешниҳод карда мешавад. Аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таълимии минтақа 1040 нафар мутахассиси ҷавон фиристода шудааст. 
Бо вуҷуди он, дар муассисаҳои таълимии минтақа 91 нафар омӯзгор аз фанҳои таълимӣ (математика, химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, забони тоҷикӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва синфҳои ибтидоӣ) намерасад. Норасоии омӯзгорон дар ноҳияи Фархор – 13 нафар, Данғара – 12, Темурмалик – 14, Ховалинг-18, Балҷувон – 19 нафар ва шаҳри Норак – 15 нафарро ташкил медиҳад. 
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар соли 2021 аз 442 нафар мутахассиси ҷавони ба ҷойи кор ҳозиршуда 7 нафар (2 нафар дар шаҳри Кӯлоб ва 5 нафар дар ноҳияи Восеъ) бо замини наздиҳавлигӣ, 1 нафар дар шаҳри Кӯлоб бо замин барои полезкорӣ ва боғдорӣ ва 46 нафар бо қарзи имтиёзнок таъмин карда шудааст, ки он дар шаҳри Кӯлоб – 1 нафар, ноҳияи Фархор – 6 нафар, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – 10 нафар, ноҳияи Ховалинг – 8 нафар, Темурмалик – 4 нафар, Восеъ – 10 нафар, Норак – 3 нафар ва ноҳияи Балҷувон – 4 нафар мебошад. 
Агар дар ноҳияҳои Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Ховалинг, Балҷувон ва шаҳри Норак танҳо ба чанд нафар мутахассиси ҷавон қарзи имтиёзнок дода шуда бошад, мутаассифона, дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара ва Муъминобод ба ягон нафар мутахассиси ҷавон имтиёзҳои муқарраршуда таъмин карда нашудааст. 
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақа 307143 нафар хонанда (149361 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки дар шаҳри Кӯлоб 52810 нафар, шаҳри Норак 16012 нафар, ноҳияҳои Восеъ 53390 нафар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 34152 нафар, Фархор 40337 нафар, Данғара 43557 нафар, Шамсиддин Шоҳин 11162 нафар, Темурмалик 14716 нафар, Муъминобод 21211 нафар, Ховалинг 12476 нафар ва Балҷувон 7320 нафар мебошад. 
Соли таҳсили 2021-2022 аз шумораи 18801 хатмкунандаи синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 16671 нафар ба гурӯҳҳои мақсаднок, курсҳои кутоҳмудат ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии кабӣ дохил шуданд, ки 88,7%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 94,8%, Фархор 94,8%, Ш.Шоҳин 92,5%, Восеъ 91,5%, Норак 91,4%, Муъминобод 88,8%, Данғара 86,4%, Темурмалик 83,6%, Ҳамадонӣ 82,8%, Балҷувон 67,9% ва Ховалинг 66,7% таҳсилро идома додаанд. Мутаассифона, аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки вазъ дар ноҳияҳои Балҷувон (67,9%) ва Ховалинг (66,7%) буда, беҳбудиро мехоҳад. 
Ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида мешавад. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 396 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин 48 ҷойи якум, 127 ҷойи дуюм ва 221 ҷойи сеюм мебошад. Аз ҷумла, хонандагони ноҳияи Данғара соҳиби 181 ҷойи ифтихорӣ (26 ҷойи якум, 64 ҷойи дуюм ва 91 ҷойи сеюм), шаҳри Кӯлоб 101 ҷойи ифтихорӣ (11 ҷойи якум, 29 ҷойи дуюм ва 61 ҷойи сеюм), Восеъ 43 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 23 ҷойи сеюм), Ҳамадонӣ 17 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм), Норак 16 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм), Шамсиддин Шоҳин 13 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм), Ховалинг 12 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм), Муъминобод 6 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм), Темурмалик 3 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм 2 ҷойи сеюм), Фархор 3 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм 2 ҷойи сеюм) ва Балҷувон 1 ҷойи сеюм гардиданд.
Мутаассифона, ин масъала дар ноҳияҳои Фархор, Темурмалик, Муъминобод ва Балҷувон суст ба роҳ монда шуда, хонандагони шаҳру ноҳияҳои минтақа то даври минтақавӣ роҳ ёфта, дар даври ҷумҳуриявӣ қариб, ки дар синфҳои болоӣ ҷой намегиранд. Дар минтақа натиҷаи аз ҳама паст ба ноҳияи Балҷувон рост меояд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ танҳо 1 ҷойи сеюмро соҳиб гардидаанд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро 18801 нафар хатм карда бошад, дар соли таҳсили 2021-2022 дар синфи як 37790 хонанда дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ба таҳсил фаро гирифта шуд, ки 18989 нафар ё худ зиёда аз 2 баробарро ташкил медиҳад.
Дар соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои минтақа бо истифода аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 337 синфхона барои 8111 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Яке аз омилҳои асосӣ дар самти баланд бардоштани дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот ин таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ маҳсуб ёфта, Вазорати маориф ва илм дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Давоми соли 2021 ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақа 452 310 нусха китобҳои дарсӣ таъмин карда шуд. Ба тадбирҳои амалишуда нигоҳ накарда, муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа барои соли таҳсили 2022-2023 бо назардошти зиёдшавии хонанда ва муҳлати нашри такрории китобҳои дарсӣ ба миқдори 1 млн. 267 ҳазору 40 нусха дархост ба китоб пешниҳод кардаанд.
Иловатан ба миқдори китобҳои дарсии фиристодашуда дар давоми 5 моҳи соли 2022 ба муассисаҳои таълимии минтақа 385 ҳазору 636 нусха китобҳои дарсии чопшуда аз рӯи 99 номгӯ ирсол гардид, ки он ба ш. Кӯлоб 71 623 нусха, н. Восеъ 77277 нусха, н. Шамсиддин Шоҳин 11385 нусха, н. Темурмалик 14485 нусха, н. Муъминобод 21717 нусха, н. Ховалинг 17261 нусха, н. Ҳамадонӣ 32953 нусха, н. Фархор 42726 нусха, н. Данғара 66127 нусха, н. Балҷувон 9110 нусха ва ш. Норак 20972 нусха дастрас гардидааст. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи такмили ихтисос дар вилояти Хатлон ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Ҳарчанд ки нақшаи курсҳои такмили ихтисос дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиали он дар шаҳри Кӯлоб иҷро гардида бошад ҳам, аммо сифатнокӣ ва самаранокии он назаррас нест. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар Нақшаи фарогирии омӯзгорон ва кормандон ба курсҳои такмили ихтисоси нақшавӣ ва семинарҳои мақсаднок пурра иҷро гардида бошад ҳам, мутаассифона ноҳияҳои Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон ва Фархор иҷрои нақшаи таъмини шунавандагон дар курсҳои такмили ихтисосро дар маҷмуъ 66,4% иҷро намудаанд. 
Рафти амалишавии Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 20221-2025 дар соли 2021 аз 25 озмоишгоҳи физика ва 877 кабинети фаннии банақшагирифташуда ягон адад харидорӣ нагардид. Дар 5 моҳи аввали соли 2022 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 105 адад кабинети фаннӣ харидорӣ намудаанд, ки он дар шаҳри Кӯлоб 5 кабинет (14, 7%), шаҳри Норак 2 кабинет (9%), ноҳияи Данғара 79 кабинет (197%), Восеъ 5 кабинет (10,8%), Фархор 10 кабинет (28,5%) ва ноҳияи Темурмалик 4 кабинет (12,5%) ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Балҷувон ягон адад кабинети фаннӣ харидорӣ нагардидааст. 
Масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо сабаби асосии иҷро нагардидани нақшаи амали Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025-ро дар ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз тарафи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо медонанд.
Рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар маркази диққати кормандони соҳаи маориф қарор дошта, бо ҷалби маблағҳои буҷети шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои таълимии минтақа 11055 адад компютер, 1990 принтер, 412 адад тахтаи электронӣ ва 566 адад видеопроектор харидорӣ гардида, дар муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дорад.
Тибқи талаботи Барномаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби шуъба маорифи шаҳру ноҳияҳои зикршуда бояд 1576 компютер харидорӣ карда мешуд. Мутаассифона, ба ҳолати семоҳаи соли 2022 112 компютер харидорӣ гардида, 7,1%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи мазкур боиси нигаронӣ мебошад. 
Аз рӯи маълумотҳо иҷрои нақшаи мазкур дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Норак, ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ умуман таъмин карда нашудааст. 
Масъулин иҷро нагардидани нақшаи барномаҳоро аз ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо медонанд.
Дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақа 174 маҳфил бо фарогирӣ дар 495 гурӯҳ зиёда аз 7425 хонанда ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудааст. Марказҳои таҳсилоти иловагӣ бо 197 омӯзгор таъмин буда, аз инҳо 175 нафар ё 88,8% дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хоҳишмандон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои забономӯзӣ, маҳфилҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ зиёд мебошад. Вале дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо заминаи моддӣ-техникӣ суст буда, бо назардошти набудани синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз маҳфилҳои зиёд дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки барои рушди қобилияти хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ, Темурмалик. Фархор ва Данғара ба китобхона, толори варзишӣ, синфхонаҳо бо таҷҳизоти техникӣ, озмоишӣ ва фаннӣ, кабинетҳо барои омӯзиши фанҳои дақиқ (химия, физика, биология) эҳтиёҷ доранд.
Баъд аз гузориш, вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва зиёд намудани фарогирии наврасону кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи кӯдак, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, норасоии кадрӣ ва китобҳои дарсӣ, таъмини омӯзгорони ҷавон бо имтиёзҳои муқарраргардида, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо, аз курсҳои такмили ихтисос гзаронидани омӯзгорон ва пардохти маблағҳои сафархарҷӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, технологияи муосир ва истифодаи он дар раванди таълим, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таҳсилоти иловагӣ, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи мақсадноки биноҳои таълимию заминҳои наздимуассисавӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм Р.Сайидзода даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, тадбирҳои саривақтию мушаххас роҳандозӣ карда шавад.
Муовини раиси вилояти Хатлон Ф.Шарифӣ бо ёдоварӣ аз Ситоди доимоамалкунанда, ки таҳти роҳбарии вазири маориф ва илм Сайидзода Раҳим Ҳамро фаъолият менамояд, зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аҳли маорифи вилоят ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. 
Дар охир ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва камбудиҳои зикршударо дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур намоянд.
Эҳсони ХУШБАХТ