ВАЗЪИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

06-06-2023
Дар идомаи сафари корӣ вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро дар ноҳияи Восеъ аз вазъи сохтмони бинохои нави чанде аз муассисаҳои таълимӣ низ дидан карда, бо омӯзгорон суҳбат анҷом дод.
Бахусус, бо ҳолати бинои нави муассисаи таълимии №49-и ноҳияи Восеъ шинос шуданд,ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дар деҳаи "Охҷар"-и Ҷамоати деҳоти "Миралӣ Маҳмадалиев" ҷойгир мебошад. Маблағгузорӣ сохтмони бинои нав Бонки Осиёгии рушд мебошад.
Саидзода Раҳим Ҳамро бо омӯзгорону сохтмончиёнро вохӯрӣ намуда, дастур дод,ки дар собиқ бинои муассисаи таълимии №49 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ташкил карда шуда, кӯдакони деҳот ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Дар муассисаи таълимии №3 бинои нав барои 1176 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст,ки дар шароити муосир бунёд мешавад. Ҳоло дар муассисаи мазкур 72 нафар омӯзгор ва 1256 нафар хонанда фаъолияту таҳсил мекунанд. Бинои асосии муассиса ягон маротиба таъмири асосиро надидааст ва барои азнавсозӣ ба нақша ворид гардида, бо ҷалби шарикони рушд таъмири асосӣ карда хоҳад шуд. Аз ҳолати ин муассиса низ вазири маориф ва илм дидан карда, барои тезонидани кор ва босифат анҷом додани он ба масъулин дастуру супориш дод.
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бо муассисаи таълимии №54-и ноҳияи мазкур шинос шуд. Ин ҷо бинои нав барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо маблағгузории Фонди Осиёгии рушд бунёд шуда истодааст. Дар муассисаи номбурда ҳоло 635 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.


Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон