ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 17-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

23-02-2024
23 феврали соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардид.
Нахуст зимни боздид маълум гардид, ки дар муассисаи таълимӣ 1164 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 60 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Норасоии омӯзгорон дар муассиса ба назар намерасад, танҳо 3 нафар омӯзгори ғайриихтисос ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. 
Дар синфи 5 "Ғ" аз 38 нафар хонанда 34 нафар дар дарс иштирок дошта, машғулиятҳо дар синфҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ҷараён дошт. Суҳбат бо хонандагон нишон дод, ки дониши забонии онҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надошта, бо забонҳои хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ суҳбат карда наметавонанд. Вазири маориф ва илм маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷуҳи омӯзгорону масъулинро ҷалб намуда, қайд кард, ки ислоҳи ин камбудӣ ва баланд бардоштани дониши забонии хонандагон масъулияти дучандро тақозо мекунад.
Раҳим Саидзода бо рафти дарсгузарӣ дар дигар синфхонаҳо шинос гардида, вазъи китобу дафтардории хонандагонро аз назар гузаронид ва зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон оид ба ислоҳи камбудиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат, вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, маҳз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд диққати махсус дода шавад.
Дар охир Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон