ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ПАНҶ ДИДАН КАРД

24-02-2024
Шоми 23 феврали соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва 10-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дидан кард. 
Зимни боздид аз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ  соли 2021 оғоз ёфта, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони бинои муассиса пурра ба охир расида, корҳои муҷаҳҳазгардонии бино идома дорад.  Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика ва технологияи компютерӣ  бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, муассиса дар баробари синфхонаҳои фаннӣ дорои утоқи махсуси маркази инкишофи кӯдак мебошад. Қайд гардид, ки бинои нави муассисаи таълимии рақами 9 рӯзҳои наздик ба истифода дода шуда, он дар минтақа назири худро надорад.
Раҳим Саидзода зимни шиносоӣ ба бинои нави муассисаи таълимии рақами 9 ва кабинетҳои фаннӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизотҳои омӯзишиву таълимӣ баҳои баланд дода, қайд намуд, ки фароҳам овардани муҳити ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалии таълим бевосита дар баланд бардоштани сифати таҳсилот таъсири мусбати худро мегузорад. 
Дар идома вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 дидан кард. Иттилоъ дода шуд, ки бинои  муассиса соли 1966 сохта ба истифода дода шуда, дорои 21 синфхона мебошад. Айни ҳол 960 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 52 нафар омӯзгор дарс мегӯяд. 
 Вазири маориф ва илм бо коллективи омӯзгорони муассиса суҳбат намуда, дастур дод, ки аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 ба 50 адад миз, 100 адад курсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин карда шавад. 
Коллективи омӯзгорони муассиса ин иқдоми вазири маориф ва илмро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон