ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ШИНОС ГАРДИД

23-02-2024
23 феврали соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва бинои муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан кард.
Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Балх, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи падару модарон моҳи ноябри соли 2023 оғоз гардида, то ҷашни Истиқлол ба истифода дода мешавад. Бинои иловагии дуошёна дорои 20 синфхона буда, барои 500 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, ки дорои 28 синфхона мебошад, 2665 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 76 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Таълим дар муассиса ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. 
Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи мазкур вазири маориф ва илм ба масъалаи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки дар ин самт корҳоро дар сатҳи хубтару беҳтар ба роҳ монанд.
Бинои муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии рақами 6 бошад соли 1962 бе таҳкурсӣ барои 160 нафар кӯдак сохта шуда, айни ҳол дар он 102 нафар кӯдак дар 5 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 24 нафар мураббиён таълим медиҳанд. Бо дарназардошти фарсуда шудани бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи падару модарон моҳи августи соли 2023 сохтмони бинои замонавии дуошёнаи муассиса барои 200 нафар кӯдак оғоз гардида, то ҷашни Истиқлол ба истифода дода мешавад.
Вазири маориф ва илм ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ин иқдоми кумитаи падару модарон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тасмими нек ва масъулиятпазирӣ дар таълиму тарбияи насли наврас унвон кард. Зимни сӯҳбат бо коллективи омӯзгорону мураббиён Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар ҷавоб ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд фаъолияти худро дар самти маориф хубтару беҳтар ба роҳ монем.
Дар охир вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон