ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО МУЛОҚОТ НАМУД

15-02-2024
15 феврали соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд. Дар мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва намояндагони сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
 Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз таърихи ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ёдовар шуд. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза боз ҳам дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илм ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт. 
Дар навбати худ Мануэл Микаллер омодагии ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, барномаҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, нашри китобҳои дарсии забони англисӣ давра ба давра, омӯзиши забони англисӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон