ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ МЕАНДЕШАД

07-09-2022
7-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода, муовинони вазири маориф ва илм Л. Абдулхолиқзода ва Ш.Хайрзода, муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қ.Насруддинзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Д.Ҷӯразода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода зикр кард, ки ҳамкориҳои судманд бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад ва Вазорати маориф ва илм баҳри татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар идома таъкид гардид, ки дар кишвар баҳри пешгирӣ ва мубориза бо амалҳои хусусияти коррупсионидошта дар се давра - “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” қабул ва тасдиқ гардиданд. Аз ин ҷост, ки дар давраи амалисозии стратегияҳо барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Зеро чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.
Дар вохӯрии мазкур, инчунин, пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бартараф намудани камбудиҳое, ки дар рафти гузаронидани санҷиши ҳолати иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуданд” мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. 
Дар охир, аз ҷониби муовини якуми вазир ба масъулин ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)”, иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми коргузорӣ, мусоидат дар пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, муқовимат бо ин падидаи номатлуб ва фаъолияти дастаҷамъона баҳри пурра аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
 
Бахтовар САФАРОВ