Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»

26-07-2024
Соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд, ки аз онҳо 5418 нафар аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи маориф боқӣ монда, дар нимсолаи аввали соли 2024 норасоии 2670 нафар омӯзгор ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфти вазири маориф ва илм, ҷиҳати расидагӣ ба ин масъала дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2170 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар шуданд, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи кори муваққатӣ ҳозир шуданд.
Тавре масъулин гуфтанд, тибқи дархости раëсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиëҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ 4301 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 46 нафар кам мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»