ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (10)

18-01-2019
Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маорифи ва илм чанд соли охир пеш гирифтаву аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, таҳким бахшидан ба вусъати ҳаракати олимпӣ мебошад. Бо ин мақсад, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо моҳҳои январ, июл, август ва ноябри соли равон курсҳои омӯзишии омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба роҳ монд, ки дар онҳо хонандагон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта шуданд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2018-ум 1 753 хонанда иштирок намуд, ки аз ин 443 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ (98 медали тилло, 141 нуқра, 204 биринҷӣ) гардиданд.
Дар соли 2018 хонандагони кишвар дар 22 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла 17 олимпиадаи фаннӣ ва 5 олимпиадаи лоиҳавӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия, Япония, Хитой ва Озарбойҷон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 260 медал (56 медали тилло, 92 медали нуқра, 112 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 95 медал (22 медали тилло, 35 медали нуқра, 38 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.
Соли 2018 хонандагони кишвар дар 4 олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки байни хонандагони зиёда аз 70 давлат баргузор гардиданд, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Боиси хурсандист, ки хонандагони кишвар соли 2018 бори нахуст дар 2 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Италия ва Россия аз фанҳои забони англисӣ ва физика баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, бори нахуст аз 27 май то 5 июни соли 2018 дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ баргузор гардид, ки дар он 170 нафар довталаб аз 10 давлати дунё иштирок намуданд.
Дар ин олимпиада иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори 38 медал, аз ҷумла, 10 медали тилло, 11 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд.
Таҳлили 10-солаи иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сифати таҳсил сол ба сол тақвият меёбад. Агар дар соли 2009 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони кишвар сазовори 55 ҷойи ифтихорӣ гардида бошанд, дар соли 2018 шумораи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба 260 расидааст.