ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (12)

22-01-2019
Вазорати маориф ва илм дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид. Аз ҷумла, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд. Вобаста ба ин, бо қарорҳои мушовара санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расиданд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 96 ихтисос мутахассисонро омода менамоянд.
Соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар маҷмӯъ 11 ҳазору 615 нафар (90,3%) донишҷӯ қабул гардидааст.