ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (15)

25-01-2019
Айни замон, дар 23 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 798 нафар дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил менамояд, ки дар қиёс ба соли 2017 313 нафар зиёд мебошад. Дар баробари ин, 1 230 нафар дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи аспирантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ таҳсил доранд.
Дар 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ иҷозати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию-педагогӣ дар зинаи магистратура пешбинӣ шудааст. Қабул дар зинаи магистратура дар соли 2018 3 029 нафарро ташкил медиҳад.