ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (16)

28-01-2019
Соли гузашта 380 стандарти давлатии таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисос (бо такроршавиашон) дар давоми 2 сол таҳия ва ташхис карда шуда, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки 42%-ро ташкил медиҳад. Дар самти таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи 1 884 ихтисоси амалкунанда (вобаста ба ворид гардидани тағйирот, такроран пешниҳод шуданд) нақшаҳои таълимӣ, аз ҷумла, аз рӯйи 1108 ихтисоси зинаи таҳсилоти бакалавр (975 таҳсилоти рӯзона ва 133 таҳсилоти фосилавӣ), 393 ихтисоси зинаи таҳсилоти магистратура ва 383 ихтисоси зинаи таҳсилоти докторантура (доктор PhD) таҳия ва ташхис гардида, баъди омӯзиш ва ислоҳи камбудиҳо барои тасдиқ ирсол карда шуд, ки дар муқоисаи соли гузашта (750) 1043 нақшаи таълим зиёд мебошад.