ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (3)

09-01-2019
Дар ҷумҳурӣ 66 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо дар соли таҳсили 2018-2019 8371 нафар, аз ҷумла 1973 кӯдакони имконияташон маҳдуд, 141 ятими кулл, 1378 бепадар, 422 бемодар ва 1034 нафар аз оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар баробари ин, бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 42034 нафар, аз ҷумла 1665 бепадару бемодар, 29891 бепадар, 9763 бемодар, 715 нафар аз парастории волидайн маҳрум ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.