ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (7)

15-01-2019
Ба Кумитаи тадокуроти озмуни аттестати аъло бо медали тилло ва нуқраи универсалӣ ва равиявӣ аз тарафи раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 64 нафар хонанда ба сифати довталаби медали тилло ва нуқра барои иштирок дар санҷиш пешниҳод гардид.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 10 нафар сазовори медал гардиданд. Аз ҷумла, 3 нафар бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, 3 нафар бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва 4 нафар бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра мукофотонида шуданд.