ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (8)

16-01-2019
Вазорати маориф ва илм дар баробари таълим ҷиҳати тарбияи шаҳрванди шоиста тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад.
Дар соли 2018-ум 13 261 маротиба, аз ҷумла: тавассути ВАО - 423 маротиба, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 9 313 маротиба, дар маҳалли зист 1 511 вохӯриву мулоқот ташкил ва гузаронида шуд.
Бо вуҷуди ин, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли 2018 аз тарафи ноболиғон 826 ҷиноят содир гардидааст.