ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ-2018 (9)

17-01-2019
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо назардошти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ва «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 62863 адад компютер мавриди истифода қарор дорад. Аз ин шумора 1787 тахтаи электронӣ ва 2486 адад видеопроектор дар соли 2018 харидорӣ шудааст.