ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ: СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА МУҚАРРАРОТИ КОДЕКСИ АНДОЗ ДАР ТАҲРИРИ НАВ

17-03-2022
17- уми марти соли ҷорӣ дар бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав баргузор гардид.
Дар семинари мазкур сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода, сардори раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Ҷумахон Нурзода, сардори шуъбаи иттилоот ва баррасии муроҷиатҳои электронӣ Обиди Муҳаммадсаид, сармутахассиси раёсати қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландар Аъзамов, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода оғоз намуда, қайд кард, ки андоз пардохти ҳатмӣ ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ гардонида мешавад. Ҳадаф аз қабули Кодекси андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ин таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути фароҳам овардани фазои мусоид мебошад.
Сипас, Обиди Муҳаммадсаид иброз намуд, ки тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз рӯйхати андозҳо хориҷ карда шуда, шумораи умумии андозҳо аз 10 намуд ба 7 намуд кам карда шуд. Меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то 15 фоиз кам карда шуда, дар назар аст, ки дар давраи то соли 2027 меъёри ин андоз то 13 фоиз кам карда шавад. Инчунин, дар таҳрири нави Кодекси андоз меъёрҳои андоз аз даромади шахсони воқеӣ бекор карда шуда, меъёри ягонаи 12-фоиза муқаррар карда шудааст.
Дар фарҷом миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт.
З. Ҳусейнова