Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба имзо расид

04-05-2018
Дирӯз, 4 май дар бинои Вазорати маориф ва илми мамлакат Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Венгрия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба имзо расид. 
Қабл аз маросими мазкур мулоқоти вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо вазири робитаҳои  иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто доир гардид.
Зимни мулоқот Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид вохӯрии баргузоргардидаро ҳамчун имконияти муносиб барои табодули афкори созанда доир ба масъалаҳои бароҳмонда, ҳамкории дуҷониба ва таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаи маориф ва илм миёни Тоҷикистону Венгрия арзёбӣ намуд.
«Мо фаъолгардонии муносибатҳои дуҷонибаро бо Венгрия дастгирӣ мекунем, — таъкид кард Н. Саид ва изҳори итминон намуд, ки созишномаи ҳамкории имзошуда дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг ба омодасозиву такмили ихтисоси кадрҳо, муносибати мустақил миёни муассисаҳои олию таълимӣ ва илмии ҳарду давлат такони тоза мебахшад».
Дар навбати худ Петер  Сийярто  зикр намуд, ки ҷониби Венгрия тасмим гирифтааст, ки ҳамасола барои донишҷӯёни Тоҷикистон  ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Венгрия 20 квота ҷудо намояд. «Мо чунин мешуморем, ки сармоягузории беҳтарин ин сармоягузорӣ ба ҷавонон аст. Ва мо ҷудо намудани ин стипендияҳоро ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи равобити Венгрияву Тоҷикистон арзёбӣ мекунем»,- изҳор дошт П. Сийярто.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Вазири робитаҳои  иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Венгрия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳангро ба имзо расониданд.