ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ЗАРГАРИ Н.КУШОНИЁН АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

21-06-2024
Дар асоси нақшаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нимаи дуюми рӯзи 21-уми июни соли равон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ баргузор намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ меҳмонони расмӣ аз ҷумла, намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён-Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири маориф ва илм, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, раиси ноҳияи Кушониён ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ ширкат намуданд.
Чорабиниро Вазири маориф ва илми кишвар ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш андар шинохти мақому манзалати Ваҳдати миллӣ дар пешрафт ва рушду тараққиёти кишвари азизамон, ки дар заминаи талошҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, изҳори назар намуд.
Бояд ёдовар шуд,ки ибтикори роҳбарияти донишгоҳ ба қалбҳои сокинони ин Ҷамоат фараҳу шодӣ бахшид.