ВОБАСТА БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ БУҶЕТИИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД

23-05-2024
23-юми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласа доир ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетии давлатии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетии давлатии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад.
Сипас, ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Шарофиддин Асомиддинзода доир ба иҷрои нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 оид ба санҷиши фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетии давлатии Русия ва Тоҷикистон - "Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода” шунида шуд. Гуфта шуд, ки фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳо тибқи стандартҳои давлатии Федератсияи Русия бо забони русӣ, бо омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ, таърихи халқи тоҷик ва ҷуғрофияи Тоҷикистон, дар шакли ройгон, маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Муассисаҳо дорои шароити муосири техникию технологии таълим буда, бо тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ таъмин карда шудаанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон