ВОХӮРӢ БО МУДИРИ ЮНФПА

05-02-2020
5-уми феврали соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм М. Имомзода бо мудири навтаъини Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ю Ю доир гашт.
Дар оғози вохӯрӣ М.Имомозода доир ба ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм бо Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) дар доираи Созишномаи шарикӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи ин Созишнома ташкилоти мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорат барои хонандагону омӯзгорон тренингҳо гузаронида, як силсила дастурҳо оид ба тарзи ҳаёти солим ва вируси норасоии масъунияти одам таҳия ва чоп намудааст.
Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии чорабиниҳо дар доираи нақшаҳои кории муштарак табодули назар намуданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО