ВОХӮРИИ М.ИМОМЗОДА БО А.ПРОТМАНН

14-02-2020
14-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Душанбе Д-р Андреас Протманн доир гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ҳамкории кишварҳо дар асоси Протоколи ҳамасолаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими забони олмонӣ ба роҳ монда шуда, инчунин, наздики 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳсил менамоянд. 
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Душанбе Д-р Андреас Протманн зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба омӯзиши забони тоҷики диққати махсус дода шуда, донишҷӯёни олмонӣ дар лагерҳои тобистона забони тоҷикиро меомӯзанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар самти зиёд намудани теъдоди квотаҳо, табодули таҷрибаи ҳайати омӯзгорону профессорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти таҳсилоти томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак ҳамкориҳоро вусъат мебахшанд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм