ВОХӮРИИ М.ИМОМЗОДА БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БУСТОНҚАЛЪАИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

22-12-2020
 
22 декабри соли равон Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари кории худ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15 декабри соли равон баён гардида буданд, бо фаъолони ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа вохӯрӣ доир намуд.
Вохӯриро раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, мақсад аз баргузории ҷамъомад ва масъалаҳои баррасишавандаро баён намуд. Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ёдрас шуда, муроҷиат ба амал овард, ки дар масъалаи бемории сироятии коронавирус боз ҳам эҳтиёркор буда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои беҳдоштӣ риоя карда шавад. Дар ин масъала боз ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшида шавад. Ҳамзамон, М.Имомзода оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вусъати кишти тирамоҳӣ ва омодагиҳо ба кишти баҳорӣ, ҷоннок намудани тарғибу ташвиқи гурӯҳои корӣ дар масъалаи сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва аёдати эҳтиёҷмандон ва шахсони имконияташ маҳдуд пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчии 7-солаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Мадина Ҷаборова-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70, ки сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст, якчанд шеър қироат намуда, ба ӯ аз тарафи вазири маориф ва илм туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуотии
раиси ноҳияи Кӯшониён