ВОХӮРИИ М. ИМОМЗОДА БО НАМОЯНДАГОНИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ (ЮНИСЕФ)

27-02-2020
27-уми феврали соли 2020 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм  М. Имомзода бо роҳбари бахши таҳсилоти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Алберто Бянколи ва коршиноси ЮНИСЕФ дар Осиё ва Аврупо профессор Григорий Туркавки доир гашт.
Дар оғози вохӯрӣ М. Имомзода доир ба ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ибрози назар карда, аз ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори cипос намуд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур муайянсозии самтҳои ҳамкорӣ ва пешкаш намудани кӯмаки техникӣ дар соҳаи омӯзиши омехта ва технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо мақсади муаррифии таҷрибаи пешқадам мебошад. 
Дар рафти мулоқот, инчунин, роҳбари бахши таҳсилоти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Алберто Бянколи қайд намуд, ки барои татбиқи барнома интихоб гардидани Тоҷикистон ва тақвият додани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва пешбурди фаъолият, ҳамчунин муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бо таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва иқтисоди рақамӣ боиси хушнудист. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм