Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Татяна Проскурякова 

21-05-2021
21- уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ доир гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода Нуралӣ- муовини вазир, Лилия Бурунчук –собиқ директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонии Осиёи Марказӣ, Татяна Проскурякова –директори навбатии минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ян-Петер Олтерс- намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Саодат Базарова- сармутахассис оид ба маорифи намояндагии доимии бонк дар Тоҷикистон, Зарина Абдулалиева- ҳамоҳангсоҳи лоҳиҳа ва барномаҳои намояндагии бонк дар Тоҷикистон,  Илҳом Камолзода- сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ иштирок карданд. 
Зикр гардид, ки мақсади вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Бонки Умумиҷаҳонӣ, шиносоӣ бо директори минтақавии навбатии Бонки Умумиҷаҳони Татяна Проскурякова ва муайян намудани нақшаи ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда мебошад.
Нахуст, М. Имомзода дар суҳбат бо намояндагони БУ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба дар соҳаи маориф ва илм  изҳори сипос намуда, қайд кард, ки  дар давоми 20 соли охир БУ барои рушди маориф дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба маблағи беш аз 100 милион  доллари  амрикоӣ кӯмак намудааст, ки баҳри ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар равона карда шудааст.
Инчунин, гуфта шуд, ки  бо дастгирии БУ Лоиҳаи Рушди барвактии кӯдак, ки бо мақсади тавсеаи истифодаи хидматрасониҳои тиббӣ ва таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони то синни 6-сола таҳия гардидааст, бо муваффақият ба кори худ шурӯъ намуд. 
Зимни мулоқот Татяна Проскурякова –директори навбатии минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ иброз дошт, ки барои дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳу сифати таълим, иҷрои  лоиҳаҳои дарпешистода чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба рафти татбиқи дигар лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.


                                                                                                                                                                                Азиза Бодурова