Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Доктор Иброҳим

13-12-2021
13-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи Саммити маориф барои ояндаи шукуфон ва устувор, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида истодааст, вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини директори генералии Фонди хайривӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон ал-Наҳён Доктор Иброҳим баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф, хусусан дар самти лоиҳаҳои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. 
Мавриди зикр аст, ки айни замон лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон ал-Наҳён оид ба сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Данғара ва Темурмалик ва инчунин, харитаи ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур таҳия гардида, дар мувофиқа қарор дорад. 
Ҳамчунин, интизор меравад, ки намояндагони Фонд дар фурсатҳои наздик ба Тоҷикистон ташриф оварда, баъд аз имзои Созишнома, барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои номбаршуда санги асос гузоранд.
Бахтовар САФАРОВ