Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Эмре Зеки Карагёл
09-07-2021
8 – уми июли соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Эмре Зеки Карагёл – сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Батухан Челебӣ – муовини сафир ва Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок доштанд.
Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт ҳамзамон, ба имзо расонидани лоиҳаи нави Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Туркия, чопи китобҳо ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд.
Бахтовар Сафаров