ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО НАМОЯНДАИ USAID

28-07-2020
   28-уми июли соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо Аня Скиннер-ҷонишини роҳбари Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» доир гардид. 
   Зимни суҳбат М. Имомзода-вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо дафтари USAID дар Тоҷикистон омода аст.
   Зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и Созмони байналмилалии USAID дар Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа даст ёфт. Аз ҷумла, дар доираи ин Лоиҳа давоми солҳои 2018-2020 беш аз 570 000 китоб нашр шуда, ба 1993 муассисаи таълимӣ тақдим карда шудааст. Инчунин, 21 000 омӯзгор аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштанд.
   Инчунин, тибқи иттилои намояндаи Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар назар аст, ки дар оянда курсҳои бозомӯзию такмили ихтисоси омӯзгорон дар се формат-ба таври муқаррарӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, бо истифода аз серверҳо тавассути онлайну офлайн ва бо фароҳам овардани шароиту имконияти мусоид дар муассисаи таълимии фаъолияткунандаи омӯзгор доир карда шавад.
  Ҳамзамон, дар кори вохӯрӣ Энни Стид-иҷрочии вазифаи роҳбари барномаи USAID дар Тоҷикистон, Мавҷуда Набиева-мутахассис оид ба маорифи USAID дар Тоҷикистон, Террӣ Ҷайлс-роҳбари Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» тавассути онлайн ширкат варзида, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда мубодилаи афкор намуданд.
Суннатуллоҳи МИРЗО,
мутахассиси Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон