Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Рие Хираока

16-02-2022
15-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо директори бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Рие Хираока баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода, сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода, сардори бахши идораи барномаҳои Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд (БОР) Азиз Ҳайдаров ва корманди лоиҳаи Намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон Ганҷина Фазилова иштирок намуданд.
Нахуст М. Имомзода - вазири маориф ва илм бо изҳори хушнудӣ иброз дошт, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони фаъоли Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани шароити таҳсил ва таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд. 
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ роҳбарияти вазорат таъкид дошт, ки қисми зиёди мактабҳо ба таъмир ва азнавсозӣ ниёз дошта, норасоии китобҳои таълимӣ низ ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамкориҳо бо шарикони рушд вусъат дода шавад. 
Дар баробари ин, зикр шуд, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва иљрои дастуру супоришњои Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маќсади рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муассисаҳои таълимӣ бо лабораторияю озмоишгоњњои таълимї таҷҳизонида шаванд. 
Рие Хираока - директори бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд дар навбати худ омодагии роҳбарияти бонки мазкурро баҳри боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати маориф ва илм дар самтҳои гуногун иброз намуд.

Бахтовар Сафаров