ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АЪЗОЁНИ КОМИССИЯҲОИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ ХАТМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

19-05-2023
19-уми майи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба рафти баргузории сессияи санҷишию имтиҳонотӣ, аттестатсияи давлатии хатм ва фаъолияти комиссияи қабули назди муасссисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Васлибек Назриён, муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Одиназода, сардорони раёсатҳои дахлдор, шуъба, бахш, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорону аъзоёни комиссияҳои давлатии аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода зимни баромади худ иброз намуд, ки ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар самти баргузории сессияҳои санҷишию имтиҳонотӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели 2022, №06/08 “Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта” тасдиқ гардидаст.
Сипас, ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар рафти аттестатсияи давлатии хатм сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия Васлибек Назриён ва муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Одиназода баромад намуда, қайд карданд, ки барои мубориза алайҳи коррупсия ва аз байн бурдани он бояд миёни ҷомеа, махсусан, кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии кормандони соҳа корҳои тарғиботӣ бурда шавад.
Дар охир муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ҷиҳати ба роҳ мондани имтиҳонҳои давлатӣ, имтиҳони хатм ва баланд бардоштани саводи ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф ва илм ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон