ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ГУРӮҲИ КОРИИ ЛОИҲАИ TSSET

05-05-2023
5 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири мориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо намояндаи гурӯҳи кории лоиҳаи TSSET Ҷейс Ливингстон баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Зиёдулло Абдулзода иброз намуд, ки ҳамкории байни лоиҳаи TSSET ва Вазорати маориф ва илм дар оянда омили пешрафти соҳа хоҳад буд.
Дар идома Ҷейс Ливингстон аз пазироии Вазорати мориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки вусъати ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҷонибҳо аст.
Дар вохӯрӣ мутахассисони дигари соҳаи маориф ва илм низ иштирок намуда, фаъолияти омӯзгорони фанни забони англисӣ ва баргузории сессияҳои иттиллоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон