ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ГУЗОРИШГАРИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ

17-10-2023
Нимаи дуюми рӯзи 17 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бо Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид оид ба аққалиятҳои миллӣ Фернанд де Ваден вохӯрӣ намуд.
Нахуст Зиёдулло Адулзода аз ташрифи Фернанд де Ваден ба Вазорати маориф ва илм изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он шарикони муҳими Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва илм саҳмгузор мебошанд.
Дар навбати худ Фернанд де Ваден изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза дар равнақи ҳамкориҳои минбаъда таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар вохӯрӣ асосан масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба, дастрасии аққалиятҳои миллӣ ба таҳсил дар Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон