ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

29-05-2023
29 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири мориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лонг баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Зиёдулло Абдулзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо, махсусан, амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт. 
Дар идома Шин Лонг  қайд намуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкориҳо боиси пешрафту рушди ҷонибҳо мебошад.
 Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон