ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

21-02-2024
21 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири мориф ва илм Дилшод Сафарзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”-ро дар ҳаҷми 40 млн. доллар маблағгузорӣ менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023, №664 тасдиқ гардидааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон