Вохӯрии муовини вазири маориф ва илм бо намояндаи Донишгоҳи Ситии Малайзия

22-07-2022
Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндаи Донишгоҳи Ситии кишвари Малайзия Соро Ошағи ва директори Институти меҳмондорӣ ва сайёҳӣ, ҳамзамон директори ташкилоти “Вател” дар Малайзия  Датин Путери Ҷулиана бинти Абдул Азиз доир гардид, ки дар он инчунин, директори Маркази барномаҳои  байналмилалӣ Рамазон Одиназода ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҷалб намудани донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Ситии Малайзия мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки то кунун дар донишгоҳи Малайзия ҳудуди 30 нафар донишҷӯи тоҷик дохил шуда, 20 нафари онҳо ин муассисаро бомуваффақият хатм намудаанд ва айни замон 10 нафар дар ихтисосҳои гуногун таҳсили худро идома дода истодаанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Сити аз фарқ бо донишҷӯёни бархе кишварҳо бо донишу малака ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд, ки ин боиси ифтихори ҳар шаҳрванди тоҷик аст.
Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.  
 
Комрони Аслон