ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ЛОИҲАИ “ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК БАРОИ РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

19-02-2024
19 феврали соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мушовири байналмилалӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдак барои рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хонум Шерри Ле Мотти вохӯрӣ намуд.
Нахуст Зиёдулло Абдулзода иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ зарур аст, ки аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва шаклҳои нави фарогирӣ дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ истифода намуд. Махсусан, лоиҳаи мазкур, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, омили таъсиррасон дар рушди таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба ҳисоб меравад.
Дар навбати худ хонум Шерри Ле Мотти аз ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда қайд кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мо бояд дар баробари муассисаҳои томактабӣ роҳҳои гуногуну муосири фарогирии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ ҷустуҷӯ намоем.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, фарогирии бештари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳо ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо, шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва истифода аз таҷрибаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон