ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МАСЪУЛИНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

20-02-2023
20 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо масъулини озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ шахсони масъул аз ҳисоби кормандони вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон аъзои ҳакамони даври муассисавӣ ва даврҳои минбаъдаи озмун иштирок намуданд.
Дар аввал Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани озмун ва ҳар чӣ зиёд ҷалб намудани донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуд.
Сипас, вобаста ба тарзи баргузор намудани даврҳои озмун Саломиён Муҳаммаддовуд - президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баромад кард.
Дар идома вобаста ба рафти баргузории озмун дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳисобот пешниҳод гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чор давр баргузор мегардад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон