ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МУОВИНИ ВАЗИРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ӮЗБЕКИСТОН

13-09-2023
13 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо муовини вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон Сарвархон Бузрукхонов баргузор гардид.
Нахуст Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Сарвархон Бузрукхонов қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣм ва Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон