ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ДАФТАРИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ХИДМАТРАСОНИИ ЛОИҲАҲО (UNOPS)

27-09-2023
27 сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо мушовири калони мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба хидматрасонии лоиҳаҳо (UNOPS) Растислав Врбенски баргузор гардид.
Сараввал Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз дошт, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми бо ташкилотњои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯз то рӯз афзуда истодааст ва умедворем, ки вохӯрии имрӯза дар рушди муносибатҳои ҷонибҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас мусоидат хоҳад намуд.
Дар идома Растислав Врбенски зикр кард, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар интиҳо Ҷамшед Ҷӯразода аз ҷониби вазорат ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо ҳамкориҳои дуҷониба ба муваффақиятҳои назаррас ноил хоҳем гашт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон