ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

25-04-2023
25-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти нахустини муовини якуми вазири мориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Марк Боуман баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Ҷамшед Ҷӯразода иброз намуд, ки ҳамкории байни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда омили пешрафти тамоми соҳаҳо, хусусан, соҳаи маориф хоҳад буд.
Дар идома Марк Боуман аз пазироии Вазорати мориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки вусъати ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон