ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН

27-04-2023
27-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири мориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон Ҳемра Тогалаков баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Ҷамшед Ҷӯразода иброз намуд, ки ҳамкориҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда омили пешрафти тамоми соҳаҳо, хусусан, соҳаи маориф хоҳад буд
Дар идома Ҳемра Тогалаков аз пазироии Вазорати мориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки вусъати ҳамкориҳо дар ин самт ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Сипас тарафҳо лоиҳаи сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов” –и ноҳияи Дӯстӣ ва ташрифи президенти Ҷумҳурии Туркманистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.


Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон