ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ФОНДИ АВРУПОИИ МАОРИФ

15-06-2022
15-уми июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Фонди Аврупоии Маориф баргузор гардид, ки дар он ҳамоҳангсози Фонди Аврупоии Маориф оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Надежда Солодянкина, мутахассис оид ба таҳлили эҳтиёҷоти Фонди Аврупоии Маориф Ева Янсова, намояндагони раёсатҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
Зимни суҳбат намояндагони Фонди Аврупоии Маориф лоиҳаи “DARYA”-ро муаррифӣ намуданд, ки он аввалин лоиҳаи минтақавии Иттиҳоди Аврупо буда, ба рушди малакаҳо бахшида шуда, солҳои 2022-2027 татбиқ мегардад.
Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур имконият фароҳам меорад, ки дар самти табодули таҷриба, усулҳо ва абзорҳои дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо таҳияшуда барои дастгирии касбомӯзӣ ва рушди малакаҳо, инчунин омӯзиши бозори меҳнат, ки ба фарогирӣ ва шуғли ҷавонон нигаронида шудааст, ҷалби созмонҳо ва таҷрибаомӯзон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки таҷрибаи амалӣ дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси касбомӯзӣ ва рушди малака доранд, тадбирҳои судманд андешида шавад. 
Баъд аз муаррифии лоиҳа мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.