ВОХӮРИИ РАҲИМ САИДЗОДА БО ЭРЛАН БЕКЕШОВИЧ

25-06-2024
25-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Бекешович доир гашт.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода нахуст сипосу миннатдории худро дар самти рушд ва таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи маориф ва илм баён дошта, инчунин, барои дар оянда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо ибрози андеша намуд. Қайд карда шуд, ки ба роҳ мондани конференсияву ҳамоишҳои илмӣ байни ду кишвар, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва табодули таҷриба миёни омӯзгорон аз манфиат холӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар асоси “Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, илм ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон” аз 3-юми июни соли 2006 ба роҳ монда шудааст. Дар асоси созишномаи мазкур ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандони ҳарду ҷониб бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо мегардад.
Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Бекешович аз пазироии олӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки барои зиёд намудани теъдоди квотаҳо ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва татбиқи пешниҳодоти вазир аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳо андешида мешаванд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон